Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии амиқи Амрико аз вазъи Юлия Тимошенко


Тимошенко дар кати зиндон

Тимошенко дар кати зиндон

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Вошингтон дар мавриди табобати сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко дар зиндон “амиқан нигарон” аст. Тимошенко, ки бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, ӯро зиндонбонҳо дар маҳбаси Харков латукӯб кардаанд. Тарафдорони ӯ аксҳои чанд варам дар бадани Тимошенкоро нашр кардаанд. Тимошенко феълан эълони гуруснанишинӣ кардааст. Клинтон гуфт, ин аксҳо “шароити нигоҳдории ӯро зери суоли бештар мегузорад.” Клинтон хостори таъмини табобати билофосилаи Тимошенко ва роҳ додани сафири Амрико ба аёдати раҳбари мухолифини Украина шуд. Додситонҳо рӯзи душанбе гуфтанд, ки ба бовари онҳо, варамҳо дар бадани Тимошенко натиҷаи бархӯрд бо ягон “ҷисми сахт”, масалан, кати хоб аст.
XS
SM
MD
LG