Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба як анҷумани озодии баён дар Душанбе


Рӯзи 3 май дар Душанбе анҷумани саросарии “Озодии баён: Воқеъият ва ояндаи нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон” доир мешавад. Ин ҳамоиш бо ибтикори Шӯрои ВАО ва бо кумаки молии Институти Ҷомиаи боз ва САҲА сурат хоҳад гирифт. Қарор аст, дар анҷуман роҳҳои рафъи мушкилоти мавҷуда дар роҳи густариши озодии баён дар матбуоти тоҷик, аз ҷумла ғайриҷиноӣ кардани қазияҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир матраҳ шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқоти моҳи марташ бо хабарнигорон аз пешниҳоди ғайриҷиноӣ кардани чунин масоил пуштибонӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG