Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 нафар дар офатҳои ахир


Бар асари селу боришоти 10 рӯзи охир дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дастикам 4 нафар ҳалок шудаанд. Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ин офоти табиӣ дар маҷмӯъ дар ҷануби кишвар ба 400 манзилу иншоот осеб расондааст. То имрӯз ҳуввияти ду қурбонии офати табиӣ – Моҳшариф Каримова аз ноҳияи Мӯъминобод ва Нурмад Ҷомадов, сокини деҳаи Тудании ноҳияи Шӯрообод маълум шудааст, ки шаби 22 апрел тӯъмаи сел шудаанд.
XS
SM
MD
LG