Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Содироти фулузоти гаронбаҳо 2 маротиба афзуд


Содироти фулузоти гаронбаҳои Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба айни давраи соли қаблӣ 2,1 маротиба афзуда, 26,8 миллион долларро ташкил додааст. «Авесто»- ношири ин хабар бо такя ба вазорати энерживу саноат менависад, ки имсол дар Тоҷикистон истихроҷи 2 тоннаву 441 кило тилоро дар нақша гирифтаанд. Феълан дар кишвар 8 корхонаи истихроҷи тило фаъолият мекунад, ки бузургтаринаш корхонаи муштарак бо Чини «Зарафшон» дар Панҷакент аст.
XS
SM
MD
LG