Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони стротегии Амрикову Афғонистон имзо шуд


Дастфишурии Обама ва Карзай баъди имзои паймони стротегӣ дар Кобул
Дастфишурии Обама ва Карзай баъди имзои паймони стротегӣ дар Кобул
Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Афғонистон Барак Обама ва Ҳомиди Карзай дар Кобул ба паймони мушорикати стротегии ду кишвар имзо гузоштанд. Ин қарордод шароити равобити Вошингтону Кобул дар пайи хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон дар поёни соли 2014-ро мушаххас мекунад. Обама шоми сешанбе бо як сафари аз қабл эълонношуда вориди Афғонистон шуд. Ҳавопаймои ӯ дар фурудгоҳи Багром нишаст ва сипас Обама ва мушовиронаш тавассути чархбол ба Арки раёсатҷумҳурии Карзай дар Кобул парвоз карданд. Паймони стротегӣ танҳо шароити ироаи кумакҳои низомиву молии Амрико ба Кобулро дар бар мегирад, вале кадом ишорае ба идомаи ҳузури низомӣ ва масрафоти Амрико дар Афғонистон надорад.
Ин санад ба Амрико иҷозат медиҳад, нирӯҳояшро баъди ҷанг ҳам ба хотири тамрини нирӯҳои маҳаллх ва анҷоми амалиётҳо алайҳи шабакаи Ал-Қоида дар Афғонистон нигоҳ дорад. Рамзист, ки сафари Обама дуруст дар арафаи солгарди аввали қатли раҳбари Ал-Қоида ва фармоишгари ҳамлаҳои 11 сентябр Усома Бин Лоден сурат гирифт. Бин Лоден 2 майи соли 2011 дар амалиёти махфие аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико дар манзилаш дар шаҳри Аббатободи Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG