Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори толибони сулҷӯй барои пешгирӣ аз гуфтушунид


Яке аз раҳбарони Толибони афғон, ки ҳамроҳ бо 25 пайрави ин ҷунбиш хостори эҳёи музокироти сулҳ буд, ба қатл расидааст.

Сардори Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон, Раҳматулло Набил гуфт, Мулло Исмоил, муовини раиси Шӯрои низомии Толибон ҳамроҳ бо 25 пайраваш, ки ба хотири эҳёи музокироти сулҳ азми сафар карда буд, дар Покистон кушта шудааст. Вай афзуд, эҳтимолан масъулияти куштори Мулло Исмоил ва фармондеҳи дигари Толибон бо номи Устод Ёсир бар дӯши Толибон бошад.

Набил, дар ҳоле ки ба аъзои Маҷлиси Болоии парламенти Афғонистон гузориш медод, гуфт: “Мулло Исмоил ҳамроҳ бо 25 каси дигар ва дар байни онҳо Устод Ёсир дар роҳ ба фурудгоҳ боздошт шуданд. Онҳо мехостанд ба раванди сулҳ пайваста, ҷангро канор гузоранд. Ҳамаи онҳо кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки масъулияти куштори онҳо бар дӯши Толибон аст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад.”

Қабл аз ин ҳам чанд мансабдори афғон изҳор намуда буданд, ки Мулло Исмоил кушта шудааст ва дар ин амал Толибону хадамоти ҷосусии Покистон даст доранд. Рӯзи сешанбе сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид хабари қатли Мулло Исмоил ва Толибони дигарро такзиб кард ва гуфт, ки онҳо ҳама сиҳату саломатанд. Ба қавли Муҷоҳид ин гуна ахборро гурӯҳҳои рақиб пахш мекунанд.



Мулло Исмоил дар маркази як ҷанҷоли марбут бо фасод дар сафҳои Толибон қарор дошт. Моҳи апрел Мулло Исмоил ва як гурӯҳи Толибони баландпоя бо иттиҳоми гирифтани пора ва моликияти ғайриманқул аз ҳукумати Афғонистон боздошт шуда буданд. Таъкид мешуд, ки дар муқобили ин тӯҳфаҳо Толибон таъмини амнияти корвонҳои НАТО ва Афғонистон дар марзи миёни Покистону Афғонистонро бар ӯҳда гирифтаанд.

Пажӯҳиши Вазорати мудофиаи ИМА ошкор кардааст, ки соли 2010-ум аз 2 миллиард долларе, ки барои пешбурди амалиёти ИМА дар Афғонистон тахсис дода шуд, миқдори муайянеро Пентагон барои таъмини амният ба Толибон пардохт намудааст.

Сарвари Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон аз раҳбарони Толибон даъват кард, ки на ба Қатар раванду на ба Дубай, балки ба Афғонистон омада, мустақиман бо ҳукумати Афғонистон сари мизи музокирот нишинанд.
XS
SM
MD
LG