Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз рафтор бо Тимошенко нигарон шудааст


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш аз муносибат бо Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи зиндонии Украина “амиқан нигарон” шудааст. Хонум Тимошенко гуфтааст, ӯро посбонҳо дар зиндони Харков латукӯб кардаанд. Тарафдорони Юлия Тимошенко барои исботи ин иддаъо аксҳоеро нашр кардаанд, ки дар онҳо осори варам дар бадани ӯ дида мешавад. Нахуствазири собиқи Украина, ки барои сӯистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳоло гуруснашинӣ мекунад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико хостааст, гуфт, хонум Тимошенкоро ба таври муносиб табобат кунанд ва ба сафири Амрико иҷоза диҳанд бо ӯ мулоқот кунад. Додситонҳо гуфтаанд, ки варам дар бадани Тимошенко бар асари афтиданаш ба рӯи бистари сахт пайдо шудааст.
XS
SM
MD
LG