Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин солгарди қатли Усома бин Лодин


Як сол баъд аз марги Усома бин Лодин, ки умедвориҳоро барои маҳви тундгароӣ дар Афғонистон барангехт, сафири Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ин хушбиниҳо акнун фӯру нишастааст. Вюгаудас Усакас, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, мутаввақиф шудани музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибони Афғонистон нишон дод, ки “музокироти сулҳ онгуна, ки интизораш доштанд, осон набудааст ва ҳаргуна роҳи ҳал аз ҳарду тараф тааҳудоти дарозмуддат талаб мекунад. Дар остонаи солгарди қатли Усома бин Лодин таввасути нерӯҳои махсуси амрикоӣ дар Покистон, як назархоҳӣ дар чанд кишвари мусулмоннишин аз ҷумла Покистон нишон додааст, ки аксари аҳолии ин кишварҳо ба Ал-Қоида назари манфӣ доранд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, солгарди қатли Усома, фурсати ёдоварӣ аз он аст, ки Иёлоти Муттаҳида сазои касеро дод, ки бештар аз 3 ҳазор шаҳрванди онро куштааст.
XS
SM
MD
LG