Пайвандҳои дастрасӣ

Якуми май - Рӯзи ҷаҳонии меҳнат имсол низ дар Тоҷикистон бидуни шукӯҳу тантанаҳои вижа гузашт.

Ягона нерӯе, ки аз ин рӯз танҳо бо баргузории як ҷаласаи идона ва табрики телефонии аъзо дар саросари кишвар таҷлил кард, коммунистҳои Тоҷикистон буданд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, аз чандин сол ба ин сӯ дар парлумон масъалагузорӣ мекунад, ки рӯзи якуми май новобаста аз Рӯзи меҳнат будан, ҳамчун рӯзи ҳамраъйӣ бо заҳматкашони ҷаҳон таҷлил шавад, аммо ҳарфи ӯро касе гӯш намекунад:

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

«Ҳозир ин идро як рӯзи рухсатӣ карданду халос. Нишоне аз иди заҳматкашони дунёро надорад. Тамоми олам қайд мекунад, ба ҷуз Тоҷикистон. Аз Амрико то Чину Куриё онро ҷашн мегиранд, аммо мо на. Чӣ бадӣ дорад? Кадом як идҳои бофтаву сохтаро ҷашн мегирему ҳукумат ин рӯзро намехоҳад. Дар ин рӯз раҳпаймоӣ таҳти шиорҳои дӯстии халқҳо ва ҳамбастагии заҳматкашон баргузор мешавад, на бо шиорҳои инро бизан ва онро чаппа кун. Ин ид ҳеҷ гоҳ ин гуна набуд.»

Якуми май бо унвонҳои мухталиф - Рӯзи меҳнат, Рӯзи баҳор ва Рӯзи баҳору меҳнат дар 142 кишвари ҷаҳон таҷлил мешавад. Тоҷикистон онро дар қатори дигар идҳо, аз қабили Иди занон, дар замони Шӯравӣ пазируфт. Аммо дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон ин ид таърихи беш аз 100-сола дорад. Соли 1886 дар шаҳри Чикагои Амрико дар ин рӯз коргарон корпартоӣ карда, аз ҳукумат талаб намуданд, ки рӯзи кории 15-соатро ба 8 соат коҳиш диҳад.




Давлати Шӯравии собиқ ва Тоҷикистони Шӯравӣ аз замони таъсиси худ ин идро таҷлил мекарданд. Дар замони соҳиистиқлолии Тоҷикистон, 1-уми май ба Рӯзи ҷаҳонии меҳнат табдили ном кард ва ба ҳамин минвол, анъанаҳои якумимайии замони Шӯравӣ низ аз ёдҳо зудуда мешаванд.

Иддае аз коршиносон бар инанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар баргузории намоишҳову раҳпаймоиҳои идона манфиатдор нест, аз ҷумла ба сабаби камбуди маблағ ва хафҳои амниятӣ. Қироншоҳ Шарифзода, коршиноси тоҷик мегӯяд, фарҳанги баргузории ҳамоишу раҳпаймоиҳои идона дар кишвар аз миён меравад:

Қироншоҳ Шарифзода,коршиноси тоҷик

Қироншоҳ Шарифзода,коршиноси тоҷик

«Агар иттиҳодияҳои синфӣ ё иттифоқҳои касаба худро ҳамчун дифоъгари манофеи заҳматкашон донанд, онҳо пеш аз ниҳодҳои ҳукуматӣ ба дӯш мегиранд, ки ягон беназмӣ ё бетартибӣ дар рафти ҳамин таҷлилҳо рух надиҳад. Вақте ки як ниҳоди масъул, ба монанди иттифоқи касаба аз паси ин кор мешавад, ҳамаро дуруст созмон медиҳад, ягон беназмӣ ҳам намешавад.»

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбати мо аз Иттифоқи касабаи Тоҷикистон гуфт, ҳоло ҳамчунин салоҳиятҳоро ин ниҳод надорад ва ташкил кардани ҳамчунин чорабиниҳо ҳазинаи хеле зиёд мехоҳад ва ин масъулияти бузург аст.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон бо як санади вижа баргузории ҳама гуна ҳамоишҳоро манъ карда буданд, ки ба қавли коршиносон, наҳваи баргузории намоишҳои идона ба гунае, ки дар замони шӯравӣ буд, низ ба ин минвол хориҷ аз таваҷҷӯҳ мондаанд.

Раҷабалӣ Ҳалимов, як масъули шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои таҷлили Рӯзи меҳнат дар қонунгузории кишвар ҳеҷ мамониате вуҷуд надорад: «Имрӯз рӯзи истироҳат эълон шудааст. Мардум ҳар гуна, ки мехоҳанд, истироҳат мекунанд. Ҳақ доранд сайрҳои оммавӣ кунанд. Мо ба хотири ин рӯз дар чанд ҷои шаҳр шиору овезаҳои идона насб кардем.»

Коршиносон мегӯянд, дар қиёс бо тамоми идҳои милливу байнулмилалӣ, 1-уми май як гуна хусусиятҳои хос ба замони ҷаҳонишавӣ ва ширкати меҳнаткашони Тоҷикистон дар равандҳои ҷаҳониро дорад. Ба қавли онҳо, эҳтимол меравад ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳанӯз зарурати ширкат дар ҳамчунин рӯзҳои ҷаҳониро намебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG