Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари Толибонро куштаанд, вале...


Раҳматулло Набил, раиси Кумитаи амнияти миллии Афғонистон, эълом кардааст, ки як узви баландпояи Толибон ҳамроҳ бо 25 аъзои дигари ин гурӯҳ дастгир ва кушта шудаанд. Ба гузориши бахши афғонии Радиои Озодӣ, Раҳматулло Набил зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони порлумони Афғонистон гуфтааст, Мулло Исмоил, муовини шӯрои низомии Толибони Афғонистонро, барои он куштаанд, ки барои музокироти сулҳ бо намояндагони Амрико омодагӣ мегирифт. Раҳматулло Набил нагуфт, ки ин ҳодиса дар куҷо сурат гирифтааст, вале афзуд, қатли Мулло Исмоил кори дасти худи Толибон будааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, “қатли Мулло Исмоил дар яке аз кишварҳои ҳамсояро” рад карда гуфт, ки ӯ ҳанӯз зинда аст. Музокироти Толибони Афғонистон ва Амрико моҳи март қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG