Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии густурда дар Рӯзи коргарон


Садҳо ҳазор нафар дар рӯзи якуми май рӯзи байналмилалии коргар бо талаби шароити беҳтар ва эътироз аз коҳиши хароҷоти давлатӣ раҳпаймоӣ мекунанд. Дар қораи Осиё, коргарон дар Индонезия, Малайзия, Тайван ва Филиппин бо раҳпаймоӣ хостори афзоиши музди кор, ҳифзи ҷойи корашон шуданд. Дар кишварҳои дармондаи аврупоӣ ба мисли Юнону Испания ва Португалия раҳпаймоиҳои васеъ пешбинӣ мешавад, ки ҳукуматҳояшон ба кам кардани музди кору имтиёзҳои иҷтимоӣ шурӯъ кардаанд. Дар Амрико, ки онҷо рӯзи коргарон таҷлил намешавад, аъзои ҳаракати “Ишғоли Волл Стрит” тазоҳуроту коршиканӣ баргузор мекунанд. Теъдоде аз коргарони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Амрико гуфтаанд, ки имрӯз ба нишони эътироз аз шароити корӣ, ба кор нахоҳанд рафт. Дар Тоҷикистон рӯзи якуми май агарчӣ рӯзи таътил аст, аммо ҳеҷ гуна барномае барои таҷлили 1 май пешбинӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG