Пайвандҳои дастрасӣ

Усакас: "Расидан ба сулҳ дар Афғонистон осон нест"


Як сол баъд аз марги Усома бин Лодан, ки умедвориҳо аз шикасти шӯришиён дар Афғонистонро барангехт, сафири Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ин хушбиниҳо акнун фӯру нишастааст. Вюгаудас Усакас, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, мутаввақиф шудани музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибони Афғонистон нишон дод, ки “музокироти сулҳ онгуна, ки интизораш доштанд, осон набудааст ва ҳаргуна роҳи ҳалл аз ҳарду тараф тааҳудоти дарозмуддат талаб мекунад. Усакас ҳамчунин ҳукумати Ҳомиди Карзайро интиқод кард, ки натавонистааст, шаффофият ва посухгӯӣ дар ҳукуматро таъмин намояд, ки ин метавонад сабаби худдоррии кишварҳои ғарбӣ барои кӯмакҳои чандмиллиард долларӣ ба Афғонистон шавад: "Шахсан раиси ҷумҳур Карзай ва раҳбарони сиёсии Афғонистон медонанд, ки кӯмакҳои оянда барои рушд ҳатман ба чораҳои муассир барои мудирияти беҳтар, расидагӣ ба масъалаи фасод ва интихоботҳои мӯътабар барои мардуми Афғонистон вобаста хоҳад буд."
XS
SM
MD
LG