Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон мегӯяд, дар Чин "хомӯш" нахоҳад нишаст


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, имрӯз вориди Чин мешавад ва қарор масоили риояти ҳуқуқи инсонро бо мақомоти ин кишвар дар миён гузорад. Ҳилларӣ Клинтон дар як нишасти хабарӣ дар ин бора гуфт:" Дар ҳамкориҳои созанда, гуфтӯгуи бисёр самимӣ дар бораи бахшҳое, ки мо ихтилофи назар дорем, аз ҷумла ҳуқуқи инсон шомил мешавад. Ман замонат медиҳам, ки мо тамоми масоили мавҷуд дар миёни мо, аз ҷумла масъалаи ҳуқуқи инсонро баррасӣ хоҳем кард." Охири ин ҳафта дар Пекин муколамаи стротегии иқтисодии Амрикову Чин баргузор мешавад. Дар остонаи ин нишасти муҳим Чен Гуанченг, як дигарандеш ва ҳомии ҳуқуқи Чин рӯзи 22 апрел аз ҳабси хонагӣ раҳо шуда ва дар сафорати Амрико дар Пекин паноҳ бурд. Стейт Курт, дастёри вазири умури хориҷии Амрико, барои баррасии сарнавишти Чен пештар вориди Чин шудааст.
XS
SM
MD
LG