Пайвандҳои дастрасӣ

"Ал-Қоида"-ро дар куҷо бештар бад мебинанд?


Дар як назархоҳӣ дар панҷ кишвари мусулмоннишин аксарияти мардуми ин кишварҳо, аз ҷумла Покистон, ба Ал-Қоида назари манфӣ доштаанд. Муассисаи таҳқиқотии “Pew” дар Амрико, назархоҳии мазкурро дар остонаи аввалин солгарди қатли Усома бин Лодан, анҷом додааст. Бар асоси ин назархоҳӣ, 71 дар сади мисриҳо, 77 дар сади аҳолии Ӯрдун, 73 дар сад дар Туркия ва 98 дар сади мардуми Лубнон нисбат ба Ал-Қоида бадбинӣ доштаанд. Дар Покистон, ки моҳи майи соли гузашта Усома бин Лоданро нерӯҳои амрикоӣ дар онҷо куштанд, 55 дар сади мардум нисбат ба Ал-Қоида назари манфӣ ва 13 дар сад назари мусбат доштаанд.
XS
SM
MD
LG