Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Барак мегӯяд, мавқеи Исроил тағйир наёфтааст


Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил гуфтааст, “тамоми гузинаҳо барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ” рӯи миз боқӣ мемонанд, ки ишорае ба ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон аст. Эҳуд Барак шоми душанбе дар як нишасте дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст, “аз оғози дигарбораи музокирот ба сари барномаҳои ҳастаии Эрон” эътимоди зиёде ҳосил накард ва барномаи ҳастаии Эрон дар ҳоли пешрафт аст. Давлати Исроил, Эрон мусаллаҳ бо бомби атомиро як хатаре барои амнияти худ медонад, зеро раҳбарони Эрон борҳо хостори маҳви он кишвар шудаанд. Кишварҳои ғарбӣ бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримоти иқтисодии сахте эъмол кардаанд.
XS
SM
MD
LG