Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси номгузории Осорхонаи таърихии вилояти Суғд


Дар ҳоле ки дар ҷаласаи кормандони Осорхонаи таъриху бостоншиносии вилояти Суғд пешниҳод шуд, ин маркази фарҳангӣ ба номи Ҳоҷӣ Антиқӣ (Масобиров), маорифпарвари аввали садаи бисти Хуҷанд гузошта шавад, бархи дигар мехоҳанд, осорхонаи асосии вилоят номи академик Нӯъмон Неъматовро ба худ гирад. Хабаргузории Pressa.tj мегӯяд, барои ҳалли ин баҳс дар ҳукумати вилоят як ҳайати махсус таъсис дода шудааст, ки пешниҳодҳои мухталифро баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад Ҳоҷӣ Антиқӣ ҷамъоварандаи як силсила ашёи қадимист, ки асоси махзани осорхонаро ташкил додаанд. Академик Неъматов, муаллифи рисолаи "Давлати Сомониён", ки имсол 85-сола мешавад, 60 соли умрашро ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик бахшида ва ба такмили Осорхонаи таъриху бостоншиносии вилояти Суғд мадад кардааст.
XS
SM
MD
LG