Пайвандҳои дастрасӣ

"Хонаи Озодӣ" матбуоти Тоҷикистонро ноозод хонд


“Хонаи Озодӣ” (Freedom House)як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ҳоло танҳо аз ҳар шаш нафар, як нафар аз аҳолии сайёра аз матбуоти озод баҳраманд ҳаст, ки нишондиҳандаи пасттарин дар бештар аз як даҳсолаи ахир аст. Мардуми Тоҷикистон низ ба гуфтаи созмон матбуоти озод баҳравар нестанд. “Хонаи Озодӣ”, ки муҳити фаъолияти матбуот дар 197 кишвари ҷаҳонро дар соли 2011 арзёбӣ кардааст, дар гузориши тозаи “Озодии матбуот”, мегӯяд, бо вуқӯъи “Баҳори Арабӣ” дар кишварҳое ба мисли Либия ва Тунис матбуот “ як қадами бузурге ба пеш” гузошт, аммо дар дигар гӯшаҳои дунё ба мисли Эрону Сурия ақибнишинӣ кард. Ба гуфтаи ин созмон, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, танҳо 15 дар сади сокинони Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва дар Авруосиё аз матбуоти озод баҳраманд будаанд, ки пасттарин нишондод аз соли 2003 аст. Ҷумҳурии Белорус, Туркманистон ва Ӯзбакистон аз матбуоти озод маҳрум будаанд ва дар зинаҳои поёнтарини феҳраст қарор доранд. Куриёи Шимолӣ дорои ноозодтарин матбуот ва Финландия, Норвегия ва Шветсия баръакс соҳиби озодтарин матбуот будаанд.
XS
SM
MD
LG