Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари сел дар деҳаҳои Тебалай ва Боғи Ҳабиби канори шаҳри Кӯлоб беш аз 20 манзил ба таври ҷиддӣ тақрибан 40 хонаи дигар қисман осеб дидаанд.

Раиси бахши минтақавии кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Рамазон Неъматов овозаҳо дар бораи бар асари сели шаби гузашта ба ҳалокат расидани одамонро дар деҳаи Тебалай рад кард. Сокинони деҳа низ гуфтанд, ки сел талафоти одамӣ ба думбол надоштааст ва аммо молу чорвои бархе аз сокинон тӯъмаи ин офати табиӣ шудаанд.

Айни ҳол бархе аз афроди манзилҳояшон осебдида дар хонаводаҳои хешовандонашон ба сар мебаранд. Онҳое, ки хонаҳояшон қисман осеб дидаанд, дар манзилҳояшон боқӣ мондаанд. Созмони Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб даҳ хонаводаи манзилҳояшон тахрибшударо бо хайма таъмин кард. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ки айни ҳол фақат сокинони маҳаллӣ ба осебдидагон ёрӣ мерасонанд ва онҳо бо таом таъмин мекунанд, мақомоти маҳаллӣ ҳанӯз ба минтақаи офат ягон хел кӯмак, аз ҷумла, кӯмаки ғизоӣ ироа накардаанд.

Ориф Нозимов, сардори Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон рӯзи 1-ум май ба радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари селоби рӯзҳои ахир сатҳи оби сойи Тебалай боз боло шуда, 22 манзили зистро хароб кардааст, ки дар дар натиҷа 28 хонавода бидуни манзил мондаанд.

Афроде, ки бехонаву ҷой мондаанд, аксаран онҳое ҳастанд, ки дар обхезии сойи Тебалай дар соли 2010 дар Кӯлоб бесарпаноҳ монда буданд ва пас аз он, ки соҳиби хонаи нав шудаанд, дубора ба манзилҳои пешини худ ба наздикии сойи Тебалай баргаштаанд. Ҷаноби Нозимов мегӯяд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода борҳо ҳушдор дода буд, ки одамон дар манзилҳои назди сой зиндагӣ накунанд, вале мардум гӯш надода, дар ҳамин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи таҷлили иди истиқлолияти кишвар дар моҳи сентябри соли 2010, калиди бархе аз хонаҳои навро ба мардуми осебдида супурда буд. Дар бунёди манзили нав барои мардуми осебдида вазорату идораҳо ва ширкатҳои хусусӣ сафарбар шуда буданд.

Зимнан, дар пайи обхезӣ ва сели соли 2010 дар шаҳри Кӯлоб, беш аз 1500 манзили зист хароб шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Сели соли 2010-ро метавонед дар ин видео аз бойгонии "Озодӣ" бубинед:


Бар асари селу обхезиҳои даҳ рӯзи ахир дар минтақаи Кӯлоб, бар пояи иттилои расмӣ, чаҳор кас ба ҳалокат расидаанд. То имрӯз ному нафар ду қурбонии офати табиӣ – Моҳшариф Каримова, сокини ноҳияи Мӯъминобод ва Нурмад Ҷомадов, сокини деҳаи Тудании ноҳияи Шӯрообод маълум шудааст, ки онҳо бар асари сели шаби 22 апрел ҷон бохтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG