Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди аъзои Шӯрои уламо бештар мешавад


Шӯрои уламои Тоҷикистон ба Кумитаи дин пешниҳод кардааст, ки теъдоди аъзои ин шӯро афзоиш дода шавад.

Атоуллоҳ Давлатов, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 1-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки Шӯрои уламо мехоҳад, ки барои васеъ намудани доираи фаъолияти худ, дар ноҳияҳо намоянадҳои худро дошта бошад.

Дар ҳоли ҳозир Шӯрои уламои Тоҷикистон 24 узв дорад ва маълум нест, ки теъдоди аъзои худро ба чанд нафар хоҳад расонид.

Қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфта буд, ки домулло Муҳаммадии қумсангирӣ, ки аз синни 90 гузаштааст, бинобар солхӯрдагӣ наметавонад дар ҷаласаҳои Шӯро ширкат кунад. Раиси Шӯрои уламо гуфта буд, аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки ин ниҳод дар минтақаи Қумсангир намояндаи ҷадид дошта бошад. Ва гузашта аз ин чанд намояндаи дигари Шӯро бо сабабҳои мухталиф дархости хуруҷ аз ин Шӯроро кардаанд.

Шӯрои Уламо тасмим дорад дар рӯзҳои наздик ҷаласаи худро баргузор кунад ва масъалаи феҳрасти аъзои худро баррасӣ намояд.

Маркази исломии Тоҷикистон вориси намояндагии Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, маъруф ба САДУМ аст, ки ҳанӯз соли 1943 бо фармони раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин ташкил шудааст.

То соли 1994 раҳбарони ин ниҳод аз сӯи САДУМ дар Тошканд таъин мешуданд. Аввалин раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Абдулмаҷиди Қорӣ, аз ӯзбакҳои Фарғона будааст. Баъд аз ӯ Эшони Абдусаттор ва Эшони Абдурашид, аз фарғонагиҳои Тоҷикистон ва аз соли 1965 то соли 1988 Абдуллоҳ Калонзода, аз аҳли Хуҷанд ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ раҳбари ин ниҳод буданд.

Соли 1988 раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода таъйин шуд ва ин намояндагӣ соли 1989 ба Қозиёти мусалмонони Тоҷикистон табдили ном кард.

Соли 1993 идораи қозиёт аз Тошканд ҷудо шуда, ба муфтиёт табдил ёфт, ки раҳбараш Ҳоҷӣ Фатҳуллохони Шарифзода соли 1996 ба таври мармуз кушта шуд. Ба дунболи ӯ Амонуллоҳ Неъматзода ба раҳбарии ин ниҳод омад ва то вафоташ дар моҳи сентябри соли 2010 раҳбарии ин идораро бар ӯҳда дошт. Аммо дар соли 1997 муфтиёт ба маркази исломии Тоҷикистон табдили ном кард ва дар назди ин марказ як Шӯрои уламои иборат аз 24 нафар таъсис ёфт.
XS
SM
MD
LG