Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умедворам, робитаамон бо Тошканд хуб шавад"


Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа.

Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа.

Гуфтугӯи ихтисосии "Озодӣ" бо Шарифхон Самиев, шаҳрдори кунунии Қӯрғонтеппа ва раҳбари пешини ширкати "Барқи тоҷик".

Шарифхон Самиев аз он кадрҳои баландпарвози насли дуввуми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар поёни даҳаи 90 батадриҷ ҷойи намояндагони мавҷи аввали бозмонда аз даврони ҷанги шаҳрвандиро дар мақомоти баланди давлатӣ танг карданд.

Ӯ 5 сол муовини шаҳрдори Қӯрғонтеппа ва 6 соли дигар раиси шаҳри Норак буд ва дар соли 2005 ба Душанбе, ба мақоми раиси ноҳияи Фирдавсӣ омад. Ва аз ҳамин курсӣ баъди муддати кӯтоҳе ба раҳбарии ширкати “Барқи Тоҷик” гузашт.

Ибтидо чунин ба назар мерасид, ки ин курсӣ низ ниҳояти парвозҳои баланди Шарифхон Самиев дар арши сиёсии Тоҷикистон нест. Вале зимистони қаҳратуни соли 2008, ки Тоҷикистонро мувоҷеҳ ба як бӯҳрони бемисли энержӣ кард, боис шуд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат ҳама қаҳру ғазабашро болои раҳбарони бахшҳои энержӣ, вале бештар аз ҳама ба сари
Самиев фурӯ бирезад. Самиев аммо тавонист баъди ин 6 моҳ фурсате, ки Эмомалӣ Раҳмон барояш дод, дар мақом бимонад ва хеле аз камбудиҳои “Барқи Тоҷик”-ро ислоҳ ҳам кунад. Зердастони собиқаш дар ”Барқи Тоҷик” соли 2008-умро ҳатто аз пурмаҳсултарин солҳо дар таърихи ин ширкат медонанд.

Вале дар январи соли 2009, вақте ҳама мутмаин шуданд, ки хашми раисиҷумҳур аз Самиев дигар фурӯкаш карда, Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дигарбора зери тозиёнаи танқид гирифт ва аз раҳбарии “Барқи Тоҷик” барканор кард. Маҳофил ба дунбол аз суқути ситораи Самиев дар самои қудрати Тоҷикистон ҳам сӯҳбат карданд, вале алакай баъди ду моҳ ӯ ғайричашмдошт мудири нирӯгоҳи Норак, бузургтарин нирӯгоҳи фаъоли Тоҷикистон таъйин шуд.

Шарифхон Самиев ба дунбол соли 2010, баъди 11 сол дубора ба Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон, баргашт. Ба шаҳре, ки киштии ӯ дар соли 1999 аз ҳамин ҷо ба шино даромада буд.

Шарифхон Самиев аз камшумор мансабдорони давлатист, ки аз сӯҳбат бо хабарнигорон ибо намеварзад. Ин дафъа низ оқои Самиев розӣ шуд бо пурсишҳои хабарнигори “Озодӣ” посух бигӯяд.

Радиои Озодӣ: Қабл аз он, ки раиси ҷумҳур шуморо дар Қӯрғонтеппа шаҳрдор таъйин кунад, шумо дар як вазифаи ҷанҷолӣ, яьне таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ фаъолият кардед. Бигӯед, ки масъулияти шаҳрдор аз раҳбарӣ дар ширкати энержи осонтар аст ва бо омадани шумо дар Қӯрғонтеппа дигаргуние ҳаст?

Шарифхон Самиев: “Дар каме беш аз ду соли кориамон аввалан, плани генералии шаҳрро тасдиқ кардем. Масоҳати шаҳри Қӯрғонтеппа аз 792 ҳектар то 2600 ҳектар зиёд шуд. Манзурам аз ҳисоби заминҳои гирду атрофаш. Ин аз ҷумлаи корҳои ҷолиби мо аст, яъне тасвиби плани генералӣ ва тавсеаи масоҳати шаҳр, ки 29 март аз тарафи Маҷлиси Миллӣ тасдиқ шуд. Ҳамин тариқ дар ҳалқаи аввали маркази шаҳр хонаҳои яку ду қабатаро аз байн бурда, ҷои он манзилҳои баландошёна месозем. Рӯзҳои наздик сохтмони аввалин хонаи 15 ошёна оғоз меёбад.”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Самиев мушкилтарин марҳилаи корӣ ҳар шаҳрдорӣ татбиқи барномаҳое мисли “Генплан” аст. Чун мардумро аз манзиле, ки солхо дар он зистаанд ба ҷойи дигар кӯч додан ҳамеша дарднок аст. Бигӯед, ки сарнавишти сокинони заминҳои ба истилоҳ "ишғолшуда"-и канори шаҳр чӣ мешавад?

Шарифхон Самиев: " Ин ишғол нест. Онҳо бар пояи қонун, ки ҳудуди моро тавсеа додааст, бо тамоми кору борашон ба ҳайати шаҳр шомил мешаванд. Вилоятамон бузург аст, пойтахташ ҳам бояд дар оянда бузург бошад. Ҳамаи ин иқдомҳо ба ҳамин хотир аст."

Радиои Озодӣ: Солҳои ахир шаҳрвандон, махсусан аз тоҷирони бозорҳо, ки ба таври ногаҳонӣ аз як бозор ба бозори дигар кӯч дода мешаванд, аз ин амали шаҳрдорон зиёд шикоят мекунанд. Дар ин замина Қӯрғонтеппа низ истисно нест. Баъзе тоҷирони бозори марказии Қурғонтеппа аз иҷборан баста шудани дӯконҳояшон ба матбуот ва мақомот шикоят кардаанд. Ин масъала ҳалли худро ёфт?

Шарифхон Самиев: “Ба ҷои бозори кӯҳна бозори нав бо номи Бозори Ҳоҷӣ Шариф сохта ба истифода супурда шуд. Бозор даҳ ҳазор ҷои корӣ дорад, ки феълан ҳамагӣ се ҳазори он ишғол шудааст. Оҳиста-оҳиста ҳафт ҳазор ҷои холии он ҳам пур хоҳад шуд."

Радиои Озодӣ: Шумо (Шарифхон Самиев) мутахассиси соҳаи барқ ҳастед ва ширкати “Барқи Тоҷик” ва Нерӯгоҳи Обу Барқи Норакро ҳам раҳбарӣ кардаед. Ахиран, як гурӯҳи соҳибкорон дархост намуда буд, ки нархи нерӯи барқ дар фасли тобистон барои онҳо поин бурда шавад, шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Шарифхон Самиев: “Нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро бародарони рус сохтаанду Сангтӯда-2-ро бародарони эронӣ. Мо бо онҳо созишнома имзо кардаем, ки нархи нерӯи барқро якҷоя муайян мекунем. Вақте дар бозори мо фурӯшандаҳои дигар пайдо шудаанд, мо бояд дар сатҳи байналмилалӣ кор кунем. Проблема ҷамъи маблағ аст. Рости гап, бародар, ин ваколати ман нест, ваколати ҳукумат аст. Лекин фикр мекунам, бе он ҳам нерӯи барқе, ки имрӯз дар Тоҷикистон тақдим мешавад, дар байни собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ арзонтарин аст."

Радиои Озодӣ: Пас, ин мушкил дар даврае, ки Шумо раҳбарии "Барқи тоҷик"-ро бар ӯҳда доштед, мавҷуд буд?

Шарифхон Самиев: “Рости гап, дар Тоҷикистон якчанд "экперимент" гузарониданд, ки ҳеҷ фоида наовард. Якум ин, ки чӣ қадаре имкон буд, дар соҳаи кишоварзӣ ба хусус ба пойгоҳҳои обкашӣ ( насосӣ), ҳатто аз давраи раҳбарии ман ҳам нархи нерӯи барқро поинтар бурданд, вале боз ҳам маблағаш ҷамъ нашуд. Имрӯз сохтор ҳамин хел ноком аст. Сохтори имрӯзаи “Барқи тоҷик” аз ӯҳдаи ҳамин кор набаромада истодааст. Дар тамоми дунё ин сохторҳо аз ҳам ҷудо ҳастанд. Масалан, то ҷое медонам, дар Чехия-макони зисти шумо, ин корро се ширкат ба анҷом мерасонад."

Радиои Озодӣ: Яъне мушкили “Барқи тоҷик” дар давраи раҳбарии шумо ҳамин қарзи хоҷагиҳои об буд?

Шарифхон Самиев: “Ман насосҳоро мисол овардам. Нархи нерӯи барқ барои вазорати хоҷагии об ним дирам шуд, вале онҳо ним дирамро ҳам пардохт накарда, асосан онҳо “Барқи тоҷик”-ро варшикаста карда буданд. Дар давраи раҳбарии ман ин вазорат то сад миллион сомонӣ қарздор шуда буд. Аз ин рӯ, бо арзон намудани нархи нерӯи барқ мо то ҷое намерасем. Чизи арзон қадр надорад. Системаи энергетикии мо қарзҳои калон гирифтааст. Дар оянда ин қарзҳоро баргардонидан зарур аст. Нерӯгоҳҳои фаъол бояд таъмир шаванд. Албатта барои аҳолии камбизоат болоравии нархи нерӯи барқ вазнин аст, вале мо ба оилаҳои камбизоат кӯмак мерасонем. Маблағҳои муайян барои дастгирии онҳо барои пардохти нархи барқу газ ҷудо мешавад. Дар мавриди истеҳсолкунандагон бояд гӯям, ки онҳо имтиёзи зиёд доранд. Онҳо фанновариҳоро аз хориҷ бидуни боҷи гумрукӣ ворид мекунанд. Бигзор моле содир кунанд, ки дар хориҷа харидор пайдо кунад.”

Радиои Озодӣ: Хуб, муҳтарам, Шарифхон Самиев, боз ҳам суол аз соҳаи энергетика: Дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи бузург сохта шуд, эҳтимол Роғун ҳам такмил шавад. Ба назари шумо комилан аз байн бурдани лимити барқ дар зимистонхои оянда имкон дорад?

Шарифхон Самиев: “Ду нерӯгоҳе, ки мо сохтем: Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 барои таъмини ҷумҳурӣ кифоят мекунад. Агар ҷумҳурии Узбакистон худро аз низоми воҳиди таъмини нерӯи барқи ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ берун намекард ва ин ҳамсояамон иҷозат медод, ки мо тобистон барқро ба хориҷ содир кунему зимистон аз кишварҳои хориҷӣ барқ ворид кунем, мушкили мо осон мешуд. Мо метавонистем, ки ба Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон содир кунем, вале сад афсӯс, ки феълан ин кор имкон надорад. Дар мавриди нерӯгоҳи Роғун бошад, шумо медонед, ки тамоми ҷанҷол бар сари ҳамин нерӯгоҳ аст. Президенти Тоҷикистон доимо мегӯяд, ки мо ҳеҷ гоҳ равиши обро қатъ намекунем, вале ҳеҷ кас ба доди кишварамон намерасад."

Радиои Озодӣ: Мустакилияти энергетикӣ аз барномаҳои стратегии Ҳукумати Точикистон аст, ки ба назар мерасад дар даҳсолаи ахир ҷиддан пайгирӣ мешавад. Бисёр шаҳрвандон мехоҳанд бидонанд, ки кай Тоҷикистон аз нуқтаи назари энергетикӣ мустақил мешавад? Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Шарифхон Самиев: “Вақте ки агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба тавлиди нерӯ оғоз намуд.”

Радиои Озодӣ: Тавре шумо медонед, бору молу мавод ба Қӯрғонтеппа аз роҳи оҳани Узбакистон ворид мешавад. Бо баста шудани ин роҳ ҳатман барномаҳои шаҳрдорӣ низ нимкола мондаанд?

Шарифхон Самиев: “Орзуву ҳавас дорам, ки ҳар чӣ тезтар шароит тағйир ёбад. Равобитамон бо ҳамин ҳамсояи наздикамон-Узбакистон, ки хуб шавад, ҳам роҳи оҳан, ҳам нерӯи барқ, ҳам газ ва дигар масъалаҳо беҳбуд меёбад. Аммо бубинед, ки моро ба чӣ ҳол расонаанд. Мо аз ин вазниниҳо берун хоҳем шуд.”

Радиои Озодӣ: Мӯҳтарам раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, агар як лаҳза вақти холӣ пайдо кардед, онро чӣ гуна сипарӣ мекунед?

Шарифхон Самиев: “Аслан, вақти холӣ ёбам, дар телевизион ахбори олам тамошо мекунам. Ҳамчунон дӯст медорам, ки вақти холиро дар сӯҳбат бо набераҳоям гузаронам.”

Радиои Озодӣ: Шумо чанд набера доред?

Шарифхон Самиев: “12 набера дорам.”

Радиои Озодӣ: Мо хабар дорем, ки шумо ҳафтаи гузашта (22 апрел) 55 –сола шудед, шуморо бо ин зодрӯзи гузашта табрик намуда, ба шумо саломатӣ ва муваффақият дар кор орзу мекунем.

Шарифхон Самиев: “Ташаккур!”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG