Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди раҳбарони Аврупо ба бойкоти Украина


Сарони ғарбӣ то замони расидагии Киев ба вазъи Юлия Тимошенко, қасди сафар ба Украина ва ширкат дар бозиҳои Евро-2012-ро надоранд.

Украина, ки имсол ҳамроҳ бо Лаҳистон мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо Евро-2012-ро ба дӯш дорад, зоҳиран ба далели қазияи раҳбари зиндонии мухолифинаш Юлия Тимошенко ба таҳдиди бойкоти раҳбарони умдаи Аврупо рӯбарӯ шудааст ва чунин ба назар мерасад, ки аксари раҳбарони ғарбӣ то замони расидагии Киев ба қазияи Тимошенко қасди сафар ба Украинаро дар рӯзҳои Евро-2012 надоранд.

Садри аъзами Олмон бо раиси ҷумҳури Украина (акс аз бойгонӣ)
Садри аъзами Олмон бо раиси ҷумҳури Украина (акс аз бойгонӣ)
Як мушовири Ангела Меркел гуфт, ки садри аъзами Олмон дар ғайри сурати расидагӣ ба қазияи сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко ба бойкоти бозиҳои тими футболи кишвараш дар Украина дар ҷараёни Евро-2012 омодагӣ хоҳад гирифт. Георг Стрейтер гуфт, ҳар навъ нақшаи сафари хонум Меркел “ба сарнавишти хонум Тимошенко ва вазъи ҳукми қонун дар Украина бастагӣ хоҳад дошт.”

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон ва раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо низ ишора кардаанд, ки ба далели нигарониашон аз ҳоли Тимошенко ба сарфи назар кардани тамоми бозиҳои Евро-2012 дар Украина омода мешаванд.

Пиа Аҳренкилде Ҳансен- сухангӯи Баррозо дар Брюссел гуфт, то замоне ки мақомоти Киев ҷиҳати расидагӣ ба “вазъи хеле ва хеле ҷиддӣ”-и марбут ба Юлия Тимошенко иқдом накунанд, раиси Куммиссиюни Аврупо ягон нақшаи
Жозе Баррозо, раиси Куммиссиюни Аврупо
Жозе Баррозо, раиси Куммиссиюни Аврупо
сафар ба Украинаро нахоҳад кашид: “Ин чиз рӯшан аст, ки тавре имрӯз дида мешавад, Баррозо қасди рафтан ба Украина ё ширкат дар маъракаҳое дар Украинаро дар марҳалаи кунунӣ надорад. “

Вивиан Рединг ва Стефан Фуеле- куммиссарҳои адлия ва густариши ИА низ нақшаҳои сафари худ ба Украинаро лағв кардаанд.

Деннис Абботт – сухангӯи Андроулла Вассилоу, куммиссари маорифу фарҳанг ва варзиши ИА гуфт, Вассилоу метавонад бозиҳои Евро-2012-ро дар Лаҳистон тамошо кунад, вале то замони беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон пой ба қаламрави Украина нахоҳад гузошт: “Агар вазъи кунунӣ боқӣ бимонад, вазъи марбут ба ҳуқуқи инсон дар Украина, аз ҷумла вазъи марбут ба табобати хонум Тимошенко ва чеҳраҳои дигари мухолифин, куммиcсар Вассилоу ба ин назар аст, ки сафар ба Украина комилан хато мебуд.”

Даъватҳои қотеъ ба бойкоти Украина дар паи иддаои Юлия Тимошенкост, ки бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуда ва ҳоло мегӯяд, дар зиндони Харков латукӯб шудааст.

Тимошенкои 51-сола ҳамчунин эълони гуруснанишинӣ карда ва табобати дарди сутунмӯҳрааш дар бемористонҳои Украинаро ба таври мукаррар радд кардааст. ИА ва Амрико бо даъват ба раҳоии раҳбари мухолифини Украина мегӯянд, ба бовари онҳо, ҳукми зиндони Тимошенкои ғарбгаро дар тирамоҳи гузашта ангезаҳои сиёсӣ дошт.

Президентҳои Олмону Австрия, Италия, Ҷумҳурии Чех ва Словения низ аз ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Аврупои марказӣ, ки бояд дар миёнаи моҳи май дар вилояти Қрими Украина доир мешуд, даст кашидаанд.

Вазорати хориҷаи Украина дар посух мунтақидони аврупоиро алайҳи корбурди шеваҳои даврони Ҷанги сард ва “ба гаравгони сиёсат табдил додани варзиш” ҳушдор
Украина яке аз ду мизбони бозиҳои Euro-2012 мебошад.
Украина яке аз ду мизбони бозиҳои Euro-2012 мебошад.
додааст. Сухангӯи ин вазорат Олег Волошин гуфт, бойкоти эҳтимолии Евро-2012 аз сӯи раҳбарони ИА ба “як дасткории маснӯъӣ” мемонад.

Ин дар ҳолест, ки Евро-2012 нахустин рӯйдоди бузурги байналмилалист, ки Украина дар 20 соли истиқлолаш аз Шӯравии собиқ баргузор мекунад. Аммо силсилаи таркишҳои рӯзи 27 апрел дар шаҳри Днепропетровск дар остонаи Евро-2012 мояи нигарониҳо дар бораи назорати заифи пулис шудааст.

Мартин Каллен, мудири ин мусобиқот дар УЕФА гуфтааст, ки аз Украина ба ягон кишвари дигар кӯчондани ин сабқат дер шуд, вале агар вазъ ҳамчунон хатарнок боқӣ бимонад, УЕФА метавонад мавзӯъи то соли оянда ба таъхир гузоштани Евро-2012-ро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG