Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари манфии аксари мусалмонҳо ба Ал-Қоида


Назарсанҷии нави созмони амрикоии Pew дар солгарди аввали қатли Усома Бин Лоден ҳокист, ки аксарияти мусалмонҳо дар 5 кишвар, бо шумули Покистон, нисбат ба Ал-Қоида назари манфӣ доштаанд. Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, 71 фоизи мисриҳо, 77 дарсади аҳли Урдун, 73 дарсади мардуми Туркия ва 98 дарсади лубнониҳо Ал-Қоидаро хуш надоранд. Дар Покистон 55 дарсад нисбат ба ин гурӯҳи ҷангӣ эҳсоси манфӣ ва 13 дарсад назари мусбат доштаанд. Вале баландтарин мизони ҳимоят аз Ал-Қоида – 21 дарсад - дар Миср мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG