Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон роҳии Чин шуд


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон шоми душанбе Вошингтонро ба қасди Пекин тарк гуфт. Клинтон гуфт, дар ҷараёни Гуфтугӯи стротегиву иқтисодии Амрикову Чин бо мақомоти Чин масоили ҳуқуқи инсонро хоҳад бардошт. Сафари Клинтон дар ҳолест, ки ҳомии маъруфи ҳуқуқи Чин Чен Гуангченг баъди фирораш аз ҳабси хонагӣ дар рӯзи 22 апрел дар сафорати Амрико дар Пекин паноҳ бурдааст. Ёвари вазири хориҷаи Амрико Курт Кемпбелл қаблан барои баррасии сарнавишти Чен ба Чин сафар кард. Қаблан як фаъоли ҳуқуқи чиноитабор гуфт, дипломатҳои Амрикову Чин дар мавриди барои табобат ба Амрико рафтани Чен Гуангченг ба муомила наздик шудаанд.
XS
SM
MD
LG