Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷавонони афғон алайҳи ҷангсолорон


Садҳо ҷавони афғон дирӯз дар Кобул алайҳи ҷангсолорони собиқ эътироз карданд. Ин дувумин эътирозе чунин дар як ҳафтаи охир буда, дар пасманзари маъракаи бесобиқаи зидди қумандонҳои мутанаффиз доир шуд. Аъзои созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла тарафдорони ҳизби ваҳдати Афғонистон аксҳои раҳбарони ҷиҳодиро оташ зада, зидди онҳо шиор медоданд. Эътирози ахир дар Кобул ҳамагӣ 2 рӯз баъд аз 28 апрел буд, ки дар Афғонистон ҳамчун рӯзи пирӯзии муҷоҳидин бар ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ иди расмист.
XS
SM
MD
LG