Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди бойкоти Украина аз сӯи раҳбарони Аврупо


Жозе Баррозо
Жозе Баррозо
Пиа Ҳансен – сухангӯи раиси Куммиссиюни Аврупо гуфт, ки Жозе Баррозо то замони расидагии Киев ба нигарониҳои “хеле ҷиддӣ"-и байналмилалӣ дар бораи вазъи раҳбари зиндонии мухолифини Украина Юлия Тимошенко қасди сафар ба Украина ва ширкат дар бозиҳои Евро-2012-ро надорад.Бино ба хабарҳо, садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ аз вазиронаш хостааст, то дар ягон бозии Евро-2012 дар Украина ширкат накунанд. Имсол дар моҳи ииюн мизбони сабқати қаҳрамонии футболи Аврупо Украина ва Лаҳистонанд. Президентҳои чанд кишвари Аврупо, аз ҷумла Чехия, низ ба далели қазияи Тимошенко аз ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Аврупои марказӣ, ки моҳи май дар Украина мегузашт, даст кашидаанд. Тимошенко, ки ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳафтае пеш иддао кард, ки дар маҳбаси Харков аз сӯи зиндонбонҳо латукӯб шудааст.
XS
SM
MD
LG