Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борон дар Хатлон ба 400 манзил осеб расондааст


Бар асари боришоти шадиди се рӯзи охир дар вилояти Хатлон ҳудуди 400 манзил осеб дидааст. Дар Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон ба «Азия Плюс» гуфтаанд, ки танҳо дар шаҳри Кӯлоб беш аз 80 манзилу иншоот қисман хароб шуда, офоти табиӣ дар Ёвон ба сутунҳои се пул дар рӯди Ёвонсӯ осеб расондааст. Қариб 200 манзил дар Мӯъминобод ва 45 хонаводаи дигар дар ноҳияи Ҷомӣ зарар дидаанд.
XS
SM
MD
LG