Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду узви тоҷики ҳизби Таҳрир дар Маскав


Додгоҳи ноҳияи Останкинои шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми қасди бомбгузорӣ ва ҳифзи маводи мунфаҷира ба муддати 2,5-солӣ маҳкум ба зиндон кардааст. Тафтишот мегӯяд, Акбарҷон Отабоев ва Алишер Отаҷонзода бо амри Акмал Ғафуров, ки раҳбари шӯъбаи гурӯҳи мамнӯъи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир дар пойтахти Русия шинохта мешавад, мехостанд як роҳи оҳанро битарконанд. Аммо додгоҳ Ғафуровро ба маҳзи ҳамкориаш бо тафтишот аз масъулият маоф кард. Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир, ки барои таъсиси хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад, дар Русия аз соли 2003 бо қарори Додгоҳи олиаш манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG