Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани қирғиз дар марз бо Узбакистон кушта шудааст


Сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, марзбонони Узбакистон ҳафтаи гузашта дар марз Фотима Абдулқаҳорова-зани ҷавони қирғизро ҳадафи тир қарор додаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ҳодисаи куштор рӯзи ҷумъа рух додааст. Ин зан ба ҷои истифода аз посгоҳ барои гузаштан аз марз роҳи ғайриқонуниро истифода кардааст ва марзбонон ба сӯяш оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG