Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги ду кӯдак дар инфиҷори баме дар Пактико


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар таркиши баме дар наздикии як деҳа дар вилояти Пактико ду кӯдаки сокини ин ноҳия кушта шудаанд. Ин бам ҳангоми бозии кӯдакон мунфаҷир шудааст. Дафтари волии ин вилоят мегӯяд, 29 аперел низ дар инфиҷори баме дар вулусволии Суробӣ дар наздикии марз бо Покистон низ дӯ кӯдак сахт ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз кӯдакони маҷрӯҳ барои муолиҷа ба шифохонаи низомии нируҳои амрикоӣ дар Багром интиқол дода шудааст. Касе масъулияти ин бамгузориҳоро бар ӯҳда нагирифтааст, вале волии вилоят онро ба Толибон иртибот медиҳад.
XS
SM
MD
LG