Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Аврупо аз сафар ба Украина худдорӣ мекунанд


Сухангӯи Хоссе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо гуфтааст, ки Бароссо омода нест барои ширкат дар маросими оғози бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо 2012 ба Украина равад, агар ин кишвар барои муолиҷаи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина тадобири ҷиддӣ наанешад.

Қаблан Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва соири мақомоти расмии Олмон низ аз вазирони худ хостанд, ки барои дидани бозиҳои футболи дастаи Олмон ба Украина нараванд. Таниши миёни Олмону Украина ҳафтаи гузашта ташдид ёфт. Хонум Тимошенко иддао кард, ки зиндонбонон вайро азияту озор додаанд ва вай даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Украина Олмонро муттаҳам кард, ки аз шеваҳои “Ҷанги сард” истифода мекунад, то ба баҳонаи эътироз бар зидди муолиҷаи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини зиндонии Украина бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо 2012-ро зери суол барад. Рӯзи душанбе сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Украина ба Олмон ҳушдор дод, ки “варзишро асири сиёсат мекунад”.
XS
SM
MD
LG