Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз ду роҳхати паҳлавонони тоҷик ба Лондон


Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик

Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик

Паҳлавонони тоҷик Расул Боқиев ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шуданд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” имрӯз, 30-юми апрел, Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, “ Расул Боқиев баъди он ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Тошканд дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ шуд, дар рейтинги ҷаҳонӣ 5 зина боло - ба ҷойи 18-ум баромад. Бар асоси муқаррароти меъёрҳои олимпӣ дзюдочиёне, ки дар вазни худ дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойҳои аз 1-ум то 22-юмро мегиранд, соҳиби роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Дигар ягон дзюдочии Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ дар вазни худ байни 22 нафар ҷойгир нашудааст. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, мувофиқи рӯйхати пешниҳодкардаи Федератсияи дзюдои Осиё дар Олимпиадаи Лондон иштирок хоҳад кард. Ба ин феҳрист 12 дзюдочии беҳтарини Осиё шомил аст.”

Ба ин тартиб Расул Боқиев барои бори дуввум дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ширкат хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки ӯ дар Олимпиадаи Пекин соли 2008-ум дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буд. Вале Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аввалин бор ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудааст.

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

То имрӯз варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Лондон-2012 нӯҳ роҳхат ба даст овардаанд. Инҳо гурзандоз Дилшод Назаров, таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, муштзанҳо Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов, Искандари Рустам дар риштаи гуштии озод, дзюдочиён Расул Боқиев ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мебошанд.

Варзишгарони Тоҷикистон боз дар намудҳои гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, бокси занона, варзиши сабук, тирандозӣ ва камонварӣ барои роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд.

Ҳамчунин се варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон-2012 бо имтиёз ё аз рӯи квота иштирок хоҳанд кард, ки ду нафар оид ба шиноварӣ (як мард ва як зан) ва як зан оид ба варзиши сабук мебошанд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи пешин, ки соли 2008-ум дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин баргузор шуда буд, бо шумули 15 варзишгар ширкат дошт. Аз ҷумлаи онҳо 9 нафарашон дар риштаҳои дзюдо ва бокс (сенафарӣ), гуштии озод (2 нафар) ва гурзандозӣ (як нафар) соҳибони роҳхатҳои олимпӣ буданд. Се нафар (оид ба вазнабардорӣ, камонварӣ ва тирандозӣ) бо пешниҳоди Федератсияҳои байналмилалӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шуда буданд. Се нафари дигар (ду нафар оид ба шиноварӣ ва як нафар оид ба варзиши сабук) аз рӯи квота ба Олимпиадаи Пекин роҳ ёфтанд.

Дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин ду варзишгари Тоҷикистон бо медалҳои олимпӣ мукофотонида шудааст. Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кг медали нуқра ва Расул Боқиев дар гуштии дзюдо медали биринҷӣ гирифтанд, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатии кишвар натиҷаи беҳтарин мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG