Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонӣ барои муттаҳами қатли Парвиз 10 сол хост


Парвиз Давлатбеков

Парвиз Давлатбеков

Додситонӣ аз додгоҳи шаҳри Душанбе дархост кардааст, ки муттаҳами аслӣ дар қатли "Бобои барфӣ"-ро ба 10 сол зиндон маҳкум кунад.

Садриддин Бобоев, додситоне, ки масъулияти айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи қатли Парвиз Давлатбековро дорад, аз додгоҳ хост, то Беҳрӯз Шарифов, яке аз мутаҳамони ин парвандаро ҷазои 10 соли ҳабс бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум кунад.

Ин дар ҳолест, ки Беҳрӯз Шарифов, муттаҳами аслии қатли Парвиз Давлатбеков, ҷавони ноболиғ аст ва ба гуфтаи додситон, «қонун барои фарди ноболиғ маҳрумият аз озодӣ барои беш аз даҳ солро» манъ кардааст.

Ҳамчунин айбдоркунандаи давлатӣ, рӯзи душанбе 30-юми апрел дар ҷамъи додраси парванда ва ҷонибҳои баҳс дар додгоҳи шаҳри Душанбе тақозо кард, ки ба ду тани дигар аз муттаҳамони парванда - Фаррух Самиев ва Шараф Давлатов маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ солӣ бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ ҳукм содир кунад. Аммо айбдоркуннадаи давлатӣ нисбати Ҳасан Абдурашидов, дигар аз муттаҳамони парванда ҷазои пардохти ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи маошро пешниҳод кард.


Муҳокимаи парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков, ки бо номи «Бобои Барфӣ» маъруф аст ва аз пурсарусадотарин қазияҳо дар чаҳор моҳи охир маҳсуб мешавад. Баррасии ин парванда дар ду ҳафтаи пеш дар додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шуд ва ба иттилои масъулони додгоҳ, дар ин куштор дар маҷмӯъ 8 нафар гумонбар дониста мешаванд, аммо ҳоло танҳо 4 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ки онҳо Фаррух Самиев, Шараф Давлатов, Ҳасан Абдурашидов ва Беҳрӯз Шарифов мебошанд.

Аммо Мавлуда Шарифова, модари Беҳрӯз Шарифов, нафаре, ки дар куштори Парвиз Давлатбеков муттаҳам дониста мешавад, дар рӯзи аввали мурофиа гуфт, ба айби эълоншуда нисбати фарзандаш розӣ нест ва эҳтимол дорад, ки эътирофи фарзанди ӯ бо роҳи фишор ба даст омадааст.

Ҳамла ба Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январи соли 2012 рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав либоси "Бобои барфӣ"-ро ба тан кард, вале дар даромадгоҳи бинои манзили яке аз хешовандонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса нопадид шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG