Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили бештари интиқоли мавод аз Узбакистон ба Тоҷикистон


Ҳудуди 15 мошини дорувории Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистону Ӯзбакистон банд монда буданд, ахиран аз қаламрави Қирғизистон ба сӯи Тоҷикистон роҳ пеш гирифтаанд.

Азиз Саидов-масъули як ширкати воридкунандаи дорувории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Ӯзбакистон дар посух ба муроҷиати ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки вар мошин барои гузаштан аз қаламрави Узбакистон бояд иҷозаномаи махсус гирад. Вай афзуд, азбаски гирифтани иҷоза ҳудуди як моҳ вақтро талаб мекунад, ширкатҳо тасмим гирифтанд, ки моли худро аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Дар марзи миёни Қазоқистону Ӯзбакистон ҳудуди 200 тон дорувории 9 ширкат, аз қабили «Ориёнфарм», «Эликсир», «Ёрии аввалӣ», «Аптекаи 36», «Дармонбахш» ва «Дӯстӣ», «Дардар» «Ал-Тавоб», «Шифои сино» банд монда буд, ки аз Словения, Булғористон, Русия ва Украина тақрибан 1000 номгӯи доруро ба Тоҷикистон меоварданд.

Ба қавли Азиз Саидов, интиқоли мол аз роҳи Қирғизистон барои ширкатҳо қимати роҳкироро қариб 75 дарсад боло мебарад, зеро ронандагон, ки бояд тибқи шартнома 8 ҳазор евро музд бигиранд, 6 ҳазор еврои дигар талаб доранд.
XS
SM
MD
LG