Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марӣ пойтахти фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ шуд


Дар шаҳри Марии Туркманистон маросими вижае баргузор гардид ва дар ин маросим Марӣ маркази фарҳангии кишварҳои мустақили муштараулманофеъ эълон шуд. Рӯзи душанбе Қурбонгӯлӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон сокинони Мариро ба ин муносибат табрик гуфт ва ба шаҳрдор сертификати пойтахти фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъро супурд. Марӣ ва Остона нахустин пойтахтҳои фарҳангии кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ баргузида шудаанд. Марӣ дар масири Роҳи абрешим нақши муҳими таърихӣ дорад ва ЮНЕСКО онро ба феҳристи осори ҷаҳонии таърих ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG