Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба Тоҷикистон: "Аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ намоед"


СММ мегӯяд, аз гузоришҳо доир ба муносибати табъизомез нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нигарон шудааст.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал гуфтааст, бахусус аз он нигарон аст, ки дар ин кишвари муҳоҷирпазир, корфармоён, мақомоти расмӣ ва афроди алоҳида ба муҳоҷирони кории тоҷик зӯровариву таҳдид мекунанд.

Ин ниҳод мегӯяд, муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро дар боздоштгоҳҳо, ки шароиташон мисли зиндон аст, барои моҳҳо ва баъзан то як сол нигаҳ медоранд. Кумитаи дифоъ аз муҳоҷирони кории Созмони Милал, ки ҳафтаи гузашта иқдомоти Тоҷикистон дар роҳи таъмини ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони кориву хонаводаҳои онҳоро арзёбӣ кард, баъди натиҷагирӣ аз ин иқдомот ба давлати Тоҷикистон тавсия додааст, ба муҳоҷирони дар Русия ба чунин балоҳо гирифторшуда кӯмак расонад ва барои ҷазо додани онҳое, ки алайҳи муҳоҷирони кории тоҷик ҷиноят мекунанд, бо кишвари мизбони муҳоҷирон ҳамкорӣ намояд.

Кумитаи мазкур аз маргу мири зиёди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва таҳқиқи ками сабабҳои марг ва чунин парвандаҳо ибрози нигаронӣ кардааст. Дар ҷаласаи кумита зикр шудааст, ки солона дар Русия тақрибан 1000 муҳоҷири тоҷик ё дар тасодуфҳо, ё бар асари беморӣ ва ё аз дасти миллатгароён кушта мешаванд. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, ҳамкориро бо ниҳодҳои ҳифзи тартибот ва қонуни кишвари мизбон тақвият бахшида, тазмин диҳад, ки гунаҳкорони марг ва ё қотилони муҳоҷирони кории тоҷик ҷазои сазовор бигиранд.

Аммо ин кумита айни замон мегӯяд, аз он сабаб, ки Русия ба Аҳдномаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кориву хонаводаҳои онҳо ҳамроҳ нашудааст, дар иҷрои тадобир барои ҳимоят аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик монеаҳо пеш меоянд.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал рӯзҳои 17 то 18 апрел дар шаҳри Женева гузориш ва иқдомоти давлати Тоҷикистон барои ғамхорӣ дар ҳаққи муҳоҷирони кориро баррасӣ кард ва гуфтааст, аз тасвиби санадҳои лозим ва таъсиси ниҳодҳои зарурӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон истиқбол мекунад.

Кумита дар ҳашт саҳифа тавсияҳо барои ислоҳи вазъи муҳоҷирон ва ҳимояти беҳтар аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷикро ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карда ва аз он хостааст, то чанд соли дигар дар мавриди иҷрои ин тавсияҳо ба Созмони Милал гузориш диҳад.

Солона тақрибан як миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустӯҷуи кор ва музди беҳтар ба Русия мераванд, ки мизбони “сарде” маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG