Пайвандҳои дастрасӣ

Сан Су Чӣ узвияти порламонро пазируфт


Аунг Сан Су Чӣ

Аунг Сан Су Чӣ

Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари мухолифони Мианмар тасмими худро дар ин бора, ки аз намояндагӣ дар порламони тозаинтихоб даст мекашад, дигар кард. Вай розӣ шудааст, ки барои ҳифзи Қонуни Асосии зиддунақизи кишвараш савганд ёд мекунад. Ҳафтаи гузашта Сан Су Чӣ ва ҳамҳизбиёнаш аз Лигаи Миллӣ барои демократия дар маросими ёд кардани савганд дар порламон ҳозир нашуданд ва гуфтанд, ки бо матни савганд розӣ нестанд. Дар матни он омадааст, ки 25 дарсади курсиҳои порламонро бояд низомиён ишғол кунанд.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ба унвони меҳмони хориҷӣ дар иҷлоси нахустини порламони нав ба ҳукумати ин кишвар гуфт, ки барои анҷоми ислоҳот ҳамкориро идома диҳанд:

“Мо медонем, ки Мианмар метавонад бо чолишҳои мусолиҳа, демократия ва рушд рӯ ба рӯ шавад. Вале ин кор тасмими қотеъ ва мудирияти муштараку ҳамкории шуморо мехоҳад”.

СММ розӣ шудааст, ки дар оштии миллии аҳолӣ кӯмак кунад. Бештар аз 30 сол дар ин кишвар ихтилофоти миллӣ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG