Пайвандҳои дастрасӣ

Киев ба Берлин аз "шеваҳои ҷанги сард" ҳушдор дод


Украина Олмонро муттаҳам кард, ки аз шеваҳои “Ҷанги сард” истифода мекунад, то ба баҳонаи эътироз бар зидди муолиҷаи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини зиндонии Украина бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо 2012-ро зери суол барад. Рӯзи душанбе сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Украина ба Олмон ҳушдор дод, ки “варзишро асири сиёсат мекунад”. Ин суханон баъд аз он садо дод, ки дар матбуот гузоришҳое ба нашр расиданд ва тибқи ин гузоришҳо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва соири мақомоти расмии Олмон аз вазирони худ хостаанд, ки барои дидани бозиҳои футболи дастаи Олмон ба Украина нараванд. Таниши миёни Олмону Украина ҳафтаи гузашта ташдид ёфт. Хонум Тимошенко иддао кард, ки зиндонбонон вайро задаанд ва вай даст ба гуруснанишинӣ задааст.
XS
SM
MD
LG