Пайвандҳои дастрасӣ

Русия 62% силоҳҳои кимиёвии худро нобуд кардааст


Яке аз коргоҳҳои кимиёвӣ дар Русия. (акс аз бойгонӣ)

Яке аз коргоҳҳои кимиёвӣ дар Русия. (акс аз бойгонӣ)

Русия рӯзи якшанбе эълон кард, ки ҳудуди 25 ҳазор тонна аз захираҳои силоҳҳои кимиёвии худро нобуд кардааст.

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, ин миқдор баробари 62 дарсад аз ҳамаи захоири силоҳҳои кимиёвии Русия аст ва ин кишвар ӯҳдадор шудааст, ки то поёни соли 2015 тамоми силоҳҳои кимиёвии худро аз байн барад.

Русия - бузургтарин дорандаи силоҳҳои кимиёвӣ дар ҷаҳон тайи 15 соли гузашта ду саввуми силоҳҳои кимиёвии худро нобуд кардааст. 188 кишвар дар ҷаҳон узви конвенсияи манъи силоҳҳои кимиёвӣ ҳастанд ва ӯҳдадор шудаанд, то соли 2012 тамоми захоири силоҳҳои кимиёвии худро нобуд мекунанд.

Ҳамакунун Русия дорои 40 ҳазор тонна ва ИМА 27 ҳазор тонна силоҳҳо кимиёвӣ ҳастанд ва аз замонбандӣ дар бораи нобуд кардани ин силоҳҳо то соли 2012 ақиб монданд ва мӯҳлати нобуд кардани ҳама захираҳои силоҳҳои кимиёвии худро то 31-уми декабри соли 2015 ба таъхир андохтаанд.

Ин гузориш дар идома менависад, ки ИМА эълом кардааст ки то 90 дарсад аз силоҳҳои кимиёвии худро аз байн бурдааст. Аммо вазорати дифои ин кишвар тасмим дорад, ки 2 ҳазор тоннаи боқимонаи захираҳои силоҳҳои кимиёвиро то соли 2012 ва боқимондаи онро дар соли 2023 аз байн бибарад.

То моҳи январи соли ҷорӣ, маҷмӯан 50 ҳазор тонна, баробар ба 73 дарсад аз анвои силоҳҳои кимиёвии мавҷуд дар ҷаҳон нобуд шудааст.

Конвенсияи манъи силоҳҳои кимиёвӣ аз 29-уми апрели соли 1997 ба ҳолати иҷро даромад. 188 кишвар аз 195 узви СММ ин конвенсияро имзо кардаанд. Исроил ва Мянмар низ ҷузъе аз имзокунандагони ин конвенсия ҳастанд, аммо ҳанӯз онро ҳанӯз ба иҷро нарасонидаанд.

Танҳо Сурия, Миср Кореяи Шимолӣ, Ангола ва Сомалӣ аз имзои ин конвенсия сар боз задаанд. Либия, Ироқ, Албания, Ҳинд, Русия, Корея Ҷанубӣ ва Амрико то ба ҳол расман таъйд кардаанд, ки силоҳҳои кимиёвӣ дар ихтиёр доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG