Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Баҳси тоҷикият ва Ислом: Обе ки то ҳол аз таги ях мерафт


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар робита ба қиёси Қуръону "Шоҳнома" дар торнамои Озодӣ ва шабакаи Фейсбук баҳси пуршӯре ҷараён дорад.

Баҳси Зафари Мирзоён бо донишҷӯён бархост, шикоферо, ки кайҳо боз байни пайравони ақидаҳои исломӣ ва ақидаҳои милливу дунявӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон вуҷуд дошт, бармало ва барҷаста кард.

Зафари Мирзоён дар як сӯҳбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ “Шоҳнома”-и Фирдавсиро “Қуръон”-и форсӣ номида, гуфтааст, рӯзе мерасад, ки мардуми мусалмони тоҷик намози худро ба тоҷикӣ адо кунанд, на ба арабӣ, ки як забони барои аксари тоҷикон нофаҳмост. Ба ақидаи ин донишманд, ибодат бо забони модарӣ ба мардуми тоҷик барои шинохти хубтари Ислом мусоидат хоҳад кард.

Аз баҳси гарми ин мавзӯъ бармеояд, ки хонандагони Озодӣ асосан ба 3 шоха тақсим шудаанд: пайравони ақоиди исломӣ, сониян, мардуми динбезор ва солисан, тоифае ки худро ҳам мусалмон ва ҳам тоҷик медонаду мӯътақид аст, ки ҳарду – арзишҳои ҳам исломӣ ва ҳам миллиро метавон бидуни ягон таноқуз дар як қалб гунҷонд.

Хонандае бо номи Ошно менависад, “Ин шояд нахустин бархӯрд дар ин масъала дар матбуот бошад, аммо ин беморӣ, ки имрӯз ҷомиа, бахусус ҷавонони моро фаро гирифтааст, табобат мехоҳад.” Ба ақидаи ӯ, “Шоҳнома, Маснавӣ, Бедил, Ҳофиз, Саъдӣ ва мисли онҳо буданд, ки тамоми олам аз шаҳди Ислом комҳо ширин карданд.”

Аммо дар посух ба ӯ, Алиҷон навиштааст, ки касе Шоҳномаро Қуръони форсӣ наномидааст. Бисёриҳо менависанд, Қуръон як китоби осмонӣ ва нозилшуда аз сӯи Парвардигор аст ва муқоисаи он бо Шоҳнома, ки офаридаи як махлуқи Худост, дуруст нест. Ба қавли як хонанда, “Ин китобе нест, чизи дигар аст.”

Бо ин ҳол, Реалист менависад, ки “Қуръон аз Инҷил нусхабардорӣ шудааст бо иловаи чизҳое аз фарҳанги Қурайшу Ҳошимиён”. Тарафдорони ақидаҳои миллӣ ва динбезорон ҳамин тавр, бо иқтибосҳои фаровон аз Шоҳнома, аз ҷумла ҳамон пораи машҳури:
Зи шири шутур хурдани сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор...
ба бартарии фарҳанги форсӣ бар арабӣ таъкид мекунанд.

Фарибурз боз ҳам фаротар рафта, мегӯяд, “Ислом дин нест, як ҷунбиши миллатсозии араб бо сарварии Муҳаммад буд, ки барои соҳибтамаддун ва бой шудани миллати саҳрогарду кӯчии араб хидмат карду карда истодааст.”

Вале хонандае бо номи Тоҷик мегӯяд, “чуноне ки хондану донистани Қуръон барои ҳар як мусалмон ҳам фарз асту ҳам қарз, барои ҳар як тоҷики бедордилу худогоҳ хондан ва донистани Шоҳнома фарз аст.” Ӯ меафзояд, ки мо мусалмонем, вале аз миллати худ низ набояд фаромӯш кунем. Аммо Муваҳҳид аз Русия мепурсад: “дар куҷо омадааст, ки донистани Шоҳнома фарз аст? Вақте туро дар қабр мегузоранд, аз шариат пурсида мешавӣ, на аз Шоҳнома.”

Нафаре худро Фирдавсӣ аз Тӯс муаррифӣ карда, навиштааст, Ислом касеро аз ҳифзи забони миллиаш манъ намекунад, вале намоз бояд бо тиловати Қуръон, ки ба арабӣ нозил шудааст, хонда шавад. Абӯабдуллоҳ ҳам дар Фейсбук навишт, “Шоҳнома ҳамааш маънои оятҳои Қуръон нест, вале дар масъалаи наздик шудан ба Аллоҳ, ба чӣ забоне ки дуо кунед, Аллоҳ иҷобат мекунад.” Ориёӣ менависад, “онҳое ки даъво мекунанд, ки намозро бояд ба форсӣ хонд, аслан аҳли намоз нестанд”, ва вазифаашон эҷоди тафриқа дар байни мусалмонҳост.

Аминҷон Шарифов низ аз тариқи Фейсбук як ояти Қуръонро болотар аз сад Шоҳнома мегузорад, вале Собир Содиқӣ аз Зафари Мирзоён пуштибонӣ карда, ҳадисеро иқтибос мекунад, ки “таассуб чашмҳои биноро кӯр, гӯшҳои шунаворо кар гардонад.” Ӯ мегӯяд, “мо замоне ба сар мебарем, ки Худо ба ҳар як бандааш ОЗОДИро ато кардааст, на барои фақат мутаассибу исломпараст.”

Порсигӯ бо дидани ин ҳама баҳси тунд аз ҳама хостааст, “аз ин олим Салмони Рушдӣ насозед, ҷанобони нимчамулло!” Ба назари ӯ, Зафари Мирзоён ҳарфи куфре назадааст, балки фақат гуфтааст, агар мардум намозро ба форсӣ бихонанд, ҳарфи худро ба Парвардигор ба осонӣ мерасонанд.”

Сур аз Ломакон менависад, аз ин баҳсҳо ӯро “даҳшате фаро мегирад аз ин “исломшиносон”-и имрӯзи Тоҷикистон”, ки як муқоисаи оддии Шоҳнома бо Қуръон аз сӯи як донишмандро ба чунин тундӣ қабул мекунанд. Хонандае бидуни бурдани ном аз ин ҳама баҳсҳо нола ба фалак мекашад, ки “мардуми олам ватанашонро обод карда истодаанд, тоҷик бошад, ҳоло ҳам бо баҳси ришу эзор саргардон.”

Як бахши аъзами аҳли баҳс гуфтаанд, набояд Фирдавсиро бо Ислому Шоҳномаи ӯро бо Қуръон сар ба сар зад, зеро ин китоб бо зикри Худованд оғозу анҷом мешавад ва маъниҳои зиёдеро аз оятҳои Қуръон гунҷонидааст.

П.Саломов ҳам чанд воқеъиятҳои ҷаҳони муосирро ёдоварӣ кардааст, ки дар Аврупое, ки аз Ислом хабар надоранд, намедонанд ки гадо кисту гадоӣ чист, вале дар кишварҳои исломӣ, ки “тамоми кирдору гуфторро бо номи Оллоҳ сар мекунанд, нисфи мардум гадост ва инсон чени саг қадр надорад.” Саломов ба ҳама хитоб кардааст, ки “Бародарҳо, охир дар қарни 21 ба худ оед, зеро зиндагӣ дар паи таъмири ҷаҳони дигар аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG