Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми як миллиардер ба сохтани "Titanic II"


Акси "Titanic"-е ки 100 сол пеш зери об рафт
Акси "Titanic"-е ки 100 сол пеш зери об рафт
Миллиардери австралиягӣ Клив Палмер имрӯз эълон кард, ки нусхаи муосири киштии "Titanic"-ро хоҳад сохт. Миллиардер ба хабарнигорон гуфт, ӯ барои сохтани "Titanic II" бо ширкати чиноии CSC Jinling Shipyard ёддошти тафоҳум имзо кардааст. Ин киштӣ, ки бояд соли 2016 ба шино дарояд, ба гуфтаи Палмер, нусхаи "Titanic" –и 100 сол пеш дар уқёнуси Атлас ғарқшуда хоҳад буд, вале муҷаҳҳаз бо фанновариҳои асри 21, аз ҷумла бошабакоти амниятӣ ва навигатсионии муосир . Дар сониҳаи "Titanic" дар соли 1912 беш аз 1500 нафар ҳалок шуда буд.
XS
SM
MD
LG