Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нода имрӯз бо Обама мулоқот мекунад


Йошиҳико Нода
Йошиҳико Нода
Сарвазири Ҷопон Йошиҳико Нода имрӯз бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама роҳҳои таҳкими иттиҳоди Токиову Вошингтонро баррасӣ хоҳад кард. Интизор меравад, Нода дар пасманзари афзоиши танишҳо бо Кореяи шимолӣ мавзӯъи таҳкими ҳамкориҳои низомиро низ дар миён гузорад. Ин мулоқот ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз эълони тасмими аз пойгоҳи Амрико дар Окинава ба Гуам кӯчондани 9000 маллоҳи амрикоист. Ҷопон чанд сол боз ба Амрико фишор меовард, ки пойгоҳи низомиаш дар минтақаи пуриздиҳоми Окинаваро кӯчонад ё кам кунад.
XS
SM
MD
LG