Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду ҳамлаи хунин дар шимоли Нигерия


Бар асари бомбгузорӣ ва тирандозӣ дар донишгоҳ ва калисои масеҳӣ дар Кано – бузургтарин шаҳри шимоли умдатан мусалмоннишини Нигерия дастикам 21 нафар кушта ва 22 тан маҷрӯҳ шудаанд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст. Вале қаблан масъулияти чунин ҳамалот алайҳи масеҳиён дар ин кишвари нафтхези африқоиро гурӯҳи исломгарои Боко Ҳарам, ки барои ҷорӣ кардани шариат дар Нигерия меҷангад, иддао мекард. Нигерия пурҷамъияттарин кишвари Африқост, ки дар ҷанубаш аксар масеҳиён ва дар шимолаш асосан мусалмонҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG