Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари нозирони СММ вориди Димишқ шуд


Генерал-майор Роберт Муд бо фиристодаи СММ дар Сурия Куфӣ Анон (акс аз бойгонӣ)

Генерал-майор Роберт Муд бо фиристодаи СММ дар Сурия Куфӣ Анон (акс аз бойгонӣ)

Раҳбари ҳайъати нозирони СММ дар Сурия генерали норвегӣ Роберт Муд ба муҷарради расиданаш ба Димишқ аз нирӯҳои Башор Асад ва мухолифини ӯ хост, то ба набардҳо поён дода, ба истиқрори оташбас роҳ кушоянд. Феълан ҷараёни истиқрори оташбасро, ки бахше аз тарҳи сулҳи Куфӣ Анон барои хатми 13 моҳи ошӯбҳо дар Сурия аст, 16 нозири СММ назорат мебаранд. Сухангӯи ин ҳайъат Нираҷ Сингҳ гуфт, дар миёнаи моҳи май боз 100 нозири дигар вориди Сурия мешаванд. Аммо маълум нест, ки истиқрори ҳамаи 300 нозири байналмилалӣ дар ин кишвари ошӯбзада кай такмил хоҳад шуд. Матбуоти давлатии Сурия хабар дод, ки нозирон дирӯз аз Ҳумс боздид кардаанд.
XS
SM
MD
LG