Пайвандҳои дастрасӣ

Воридоти мошин ба Тоҷикистон 3 маротиба афзудааст


Воридоти мошин ба Тоҷикистон имсол 306,7 фоиз афзуда, дар 3 моҳи аввали сол ба кишвар ба маблағи 98,9 миллион доллар мошин ворид кардаанд. “Авесто”- ношири ин хабар менависад, Тоҷикистон соли гузашта ба маблағи 146,6 миллион доллар мошин ворид карда буд. Таҳлилгарон гуфтаанд, бо вуҷуди афзоиши нархи маводи сӯхт талабот ба мошин дар бозори Тоҷикистон рӯ ба афзоиш доштааст. Раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш афзоиши шумори мошинҳоро як аломати хубтар шудани вазъи зиндагии мардум номида, гуфта буд, агар дар 70 соли ҳукумати Шӯравӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 73 000 мошин даромада бошад, танҳо дар 5 соли охир мардуми тоҷик 70 000 мошин харидаанд ва дар сурати идомаи ин раванд, то чанд соли дигар ҳар оила дар ин кишвар соҳиби мошини хусусӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG