Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: Музокирот бо Толибон ҳанӯз идома дорад


Ҷонон Мӯсозай
Ҷонон Мӯсозай
Давлати Афғонистон мегӯяд, музокирот бо Толибон ба хотири хатми ҷанги даҳсола дар ин кишвар “идома дорад.” Сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон Ҷонон Мӯсозай гуфт, “раванди сулҳ бо Толибон ҳанӯз идома дорад.” Аммо Толибон бори дигар азсаргирии музокирот бо Амрико ва давлати Ҳомиди Карзайро радд кардаанд. Толибон тамосҳои муқаддамотӣ бо Амрикоро дар Қатар дар моҳи март қатъ ва Вошингтонро ба надоштани мавзеъи рӯшан айбдор карданд. Бо ин ҳол, сафири Амрико дар Покистон Камерон Мантер гуфтааст, бидуни ҷалби Толибон ба музокирот наметавон ба сулҳ дар Афғонистон даст ёфт.
XS
SM
MD
LG