Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 15-уми сӯъиқасд ба Эмомалӣ Раҳмон


Имрӯз, 30 апрел, рӯзи дувуми боздиди раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон ва дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз Мянмар аст. Имрӯз дар Вена дар як нишаст омодагиҳо ба анҷумани бозбинии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ баррасӣ хоҳад шуд. Имрӯз дар Денвери Амрико анҷумани дурӯзаи солонаи Афви байналмилалӣ оғоз ба кор мекунад. Имрӯз дар тақвим Рӯзи байналмилалии мусиқии ҷазз аст. Ва 15 сол қабл, рӯзи 30 апрели соли 1997 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯъиқасд дар Хуҷанд маҷрӯҳ шуд.
XS
SM
MD
LG