Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор ҷангҷӯ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ чаҳор ҷангии мухолифи ҳукумат кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои мақомоти кашфи Покистон ва сокинони маҳаллӣ, мушакҳо дар бинои мактаби духтарона дар шаҳри Мироншоҳ инфиҷор шуданд. Ин мактаб ахиран ба қароргоҳи ҷангиён табдил шуда буд.

Аз ин пеш хабар расид, ки дар канори шаҳри Куветта, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, ҷасади табиби қаблан рабудашудаи бритониёвӣ, корманди Кумитаи байнулмилалии салиби сурх Халил Расҷид Дале ошкор шудааст. Корманди полис гуфтанд, ки қотилон ҷасади табибро дар як халтаи полиэтиленӣ ҷой кардаанд.

Халил Расҷид Далеи 60 сола 5 январи соли равон аз сӯи афроди мусаллаҳи номаълум рабуда шуда буд. Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ин кушторро маҳкум кард ва онро ваҳшиёна номид.Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг низ ин кушторро шадидан маҳкум намуд.
XS
SM
MD
LG