Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар канори Куветта ҷасади табиби бритониёвӣ пайдо шуд


Дар канори шаҳри Куветта, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, ҷасади табиби қаблан рабудашудаи бритониёвӣ, корманди Кумитаи байнулмилалии салиби сурх Халил Расҷид Дале ошкор шуд. Корманди полис гуфтанд, ки қотилон ҷасади табибро дар як халтаи полиэтиленӣ ҷой кардаанд.

Халил Расҷид Далеи 60 сола 5 январи соли равон аз сӯи афроди мусаллаҳи номаълум рабуда шуда буд. Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ин кушторро маҳкум кард ва онро ваҳшиёна номид.

Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг низ ин кушторро шадидан маҳкум намуд.
XS
SM
MD
LG