Пайвандҳои дастрасӣ

Сардаргумии Кобул дар музокира бо Толибони "гуногун"


Кэмерон Мантер, сафири ИМА дар Исломобод

Кэмерон Мантер, сафири ИМА дар Исломобод

Сафири Амрико дар Покистон дар як маҳфил дар шаҳри Лоҳур гуфт, бояд худи афғонҳо мушкилашонро ҳал кунанд.

Кэмерон Мантер, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Покистон, эълом дошт, сулҳу эътидол дар Афғонистон бидуни ширкати толибони маҳаллӣ дар раванди музокирот ғайримумкин аст. Зимни суханронӣ дар як маҳфил дар шаҳри Лоҳур, дипломати амрикоӣ гуфт, бояд худи афғонҳо мушкилашонро ҳал кунанд, нақши Амрико ва Покистон бошад, бояд бо омодагӣ барои кӯмак маҳдуд шавад.

Вошингтон барои ба роҳ мондани музокирот миёни ҷунбиши Толибон ва ҳукумати Афғонистон қабл аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ дар соли 2014-ум талош дорад. Аммо чаро ин талошҳо ва ҳамчунин кӯшиши ҳукумати Ҳомиди Карзай барои музокирот бо Толибон ноком мешаванд?

Шукрия Борикзай, узви порлумони Афғонистон мегӯяд, як мушкил ин аст, ки гурӯҳҳои Толибон зиёд шудаанд ва ҳатто мақомот ба суоле, ки бо кадом гурӯҳ бояд сари мизи музокирот нишаст, посухи возеҳ надоранд: "Ба бовари ман, Толибон ба гурӯҳҳои мухталиф тақсим шудаанд. Яъне, як гурӯҳи муназзаме нест, ки дар гузашта буд ва Мулло Умар, раҳбари воҳиди он буд. Гурӯҳҳои мухталифи Толибон зуҳур кардаанд. Гурӯҳи толибони афғонӣ, покистонӣ, аз Узбакистон Чеченистон, Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ ба унвони як шабака ҳастанд, то бештар аз як гурӯҳи фикрӣ."

Шукрия Борикзай

Шукрия Борикзай

Аз миёни ин гурӯҳҳо, ба гуфтаи хонум Борикзай, бояд ҳукумат фақат бо гурӯҳҳои сирф афғоние, ки зери таъсири Покистони ҳамсоя нестанд, вориди тамос шавад, ба вижа, ки онҳо ҳам аз имкони муколама бо ҳукумат паём медиҳанд.

Сайид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, устоди Донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, як мушкили дигар дар баргузории музокирот миёни ҳукумати Кобул ва ҷунбиши Толибон ин аст, ки ҷангиёни мухолиф ҳанӯз ҳам шартҳои худ барои мусолиҳа бо ҳукуматро мушаххас накардаанд ва аз сӯи дигар, мақомот ҳама гуна иттилоъ дар бораи тамосҳояш бо Толибонро махфӣ нигаҳ медорад: "Як механизме, ки Толибон барои сулҳ матраҳ карда бошанд, дақиқ нест. Даҳҳо бор аз ин масъала сӯҳбат шуд, аммо ҳеҷ гоҳ маълум нашуд, ки бо кӣ музокирот шуд, дар куҷо шуд ва рӯи чӣ масъала сӯҳбат шуд. Масъалаи сулҳи Афғонистон як раванди якҷониба аст ва бовар меравад, то Толибон тарафдории Покистонро ба худ дошта бошанд, ҳалли ин масоил мушкил аст."



Ба ин тартиб, мусоҳибони мо бо гуфтаҳои сафири Амрико дар Покистон дар он бора, ки эътидол дар Афғонистон бидуни ширкати толибони афғон дар раванди музокирот ғайримумкин аст, мувофиқанд. Онҳо мегӯянд, агар ҳукумати Кобул дар талошҳо барои баргузории музокирот бо ин гурӯҳҳо коҳилӣ кунад, вазъ дар кишвар шояд аз имрӯза дида бештар ноором гардад.

Дар ҳамин ҳол Ҷонон Мосазоӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии Афғонистон, ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, ки ҳукумати Афғонистон раванди музокирот бо толибон ба хотири истиқрори сулҳ дар кишварро идома медиҳад. Ҳамзамон дар сомонаи марбут ба ҷунбиши "Толибон" изҳороте нашр шуд, ки дар он хабари эҳёи раванди музокирот бо ИМА ё ҳукумати Афғонистон радд шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG