Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голи беҷавоби “Регар” ба дарвозаи ССКА "Помир"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъд аз зӯҳри рӯзи 29-уми апрел се бозии дигари даври чаҳоруми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз омад. Голҳоро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 46-ум, Баҳодур Шарифов аз ҷаримаи 11-метра ва Виктор Лиховидко, легионери укроинӣ, дар дақиқаи 73-юм ба ҳадаф расонданд.

Ин пирӯзӣ ба дастаи “Регар ТадАЗ” имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал барояд.

Бозии ду дасти Душанбе - “Истиқлол” ва “Энергетик” дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт сурат гирифт ва бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. Дар дақиқаи 11-уми бозӣ Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари “Энергетик”, ҳисобро кушод ва Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”, дар дақиқаи 84-ум ҳисобро баробар кард.

Баъд аз анҷоми ин бозӣ сармураббиёни ҳарду даста – Никола Кавазович (“Истиқлол”) ва Наҷмиддин Толибов (“Энергетик”) аз ҳунарнамоии шогирдонашон, ки дар майдони пур аз обу лой сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ карданд. Никола Кавазович, мутахассиси сербиягӣ гуфт, “мо аслан ба бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ё АФК омодагӣ мебинем ва фикру хаёли мо бештар ба ин мусобиқаи байналмилалӣ банд аст.”

Наҷмиддин Толибов бошад, иброз дошт, ки бозигаронаш дар вохӯрӣ бо дасти "Истиқлол" дастурҳои ӯро комилан ба ҷо оварда ва ба муқобили қаҳрамони футболи Тоҷикистон муқобилияти сахт нишон доданд.

Дар бозии охирини давраи чаҳорум "Истаравшан"-и Истаравшан дар варзишгоҳи "Родник" ("Чашма")-и Спитамен тими "Гвардия"-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Танҳо голи ин бозиро дар нимаи аввали дидор ҳамлагари истаравшаниҳо Зокир Бердиқулов ба самар расонд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Регар ТадАЗ"

3

3

0

0

9-1

9

2.

"Вахш"

3

3

0

0

6-0

9

3.

авшан"

4

3

0

1

6-4

9

4.

"Хуҷанд"

3

2

1

0

9-5

7

5.

"Хайр"

4

2

1

1

8-5

7

6.

"Энергетик”

4

1

3

0

8-7

6

7.

"Истаравшан”

4

2

0

2

7-8

6

8.

"Истиқлол”

4

1

2

1

6-4

5

9.

"Зарафшон”

4

1

1

2

7-10

4

10.

"Парвоз”

4

1

0

3

9-10

3

11.

ССКА "Помир”

3

1

0

2

3-6

3

12.

"Ҳосилот”

4

0

0

4

3-11

0

13.

"Гвардия”

4

0

0

4

1-11

0


Голзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”) - 5 гол; Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”)- 4 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (Регар-ТадАЗ)-3 гол.

Даври 4-ум
28-уми апрел (шанбе)


«Ҳосилот» - «Вахш» - 0:2
«Хайр» - «Равшан» - 1:2
«Зарафшон» - «Парвоз» - 2:6

29-уми апрел (якшанбе)
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир» - 2:0
«Истаравшан» - «Гвардия» - 1:0
«Истиқлол» - «Энергетик» - 1:1

Даври 5-ум
4-уми май (ҷумъа)

ССКА «Помир» - «Хуҷанд». Варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе

5-уми май (шанбе)
«Парвоз» - «Истаравшан». Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Б.Ғафуров.

6-уми май (якшанбе)
«Равшан» - «Ҳосилот». Варзишгоҳи марказии Кӯлоб.
«Энергетик» - «Хайр». Варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе.
«Вахш» - «Регар-ТадАЗ». Варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа.

Оғози бозиҳо – соати 17.
XS
SM
MD
LG